Анонс

- Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷмуми МНМО ҶТ даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи энергетика» баррасӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;

- Дар меҳмонхонаи «Серена» Симпозиуми сеюми минтақавӣ оид ба масоили табобати бемории сил доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Дар Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ (кӯч. Ҷ.Икромӣ, 7) бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Тадриҷан аз байн бурдани хушунат нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» конфронси матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

- Дар суди ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи парвандаи табибони гиторнавози гурӯҳи «Парем» Ҳакимҷон Ҳазратқулов, ки моҳи апрели соли равон дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ҳалок шуд,  музокироти ҷонибҳо сурат мегирад. Оғоз соати 10:00;

- Вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар чаҳорчӯби вохӯрии вазирони САҲА дар Киев. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов намояндагӣ мекунад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7740 сомонӣ;

1 евро - 6.4641 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.148 2 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1929 – ҶШС Тоҷикистон ба сифати ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шуд.

1915-1997 – Зодрӯзи раққоса, балетмейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азиза Азимова.

1921-1978 – Мавлуди арбоби давлатӣ, котиби Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Давлат Гадоев.

1923 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Хосият Бобоева.

1930 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Фозил Абдураҳмонов.

1936 – Зодрӯзи фолклоршинос Файзалӣ Муродов.

1938 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Иван Машин.

1962 – Зодрӯзи овозхон Умар Миргалиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони ба барф табдилшаванда меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф). 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони ба барф табдилшаванда меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.