Намояндагии Федератсияи байнулмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баҳри ҷалби таваҷҷуҳи бештари аҳли ҷомеа ба мушкилоти хариду фурӯши занону духтарон ва ҷалби онҳо ба фоҳишагарӣ филми тасвирии «Ду духтари хурдсол» ( http://www.youtube.com/watch?v=yRnpXcoPKrE )-ро ба ҷомеа кишвар пешниҳод мекунад, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Лоиҳаи «Ду духтари хурдсол» филми тасвирии кӯтоҳмуддат буда, дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ намоиш дода шудааст. Муддати се дақиқа таҳиягарони филм  Ruth Beni аз Animage Films, Maggie Baxter ва Holly Baine ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ додаанд, ки натиҷаи зудбоварии ду духтари ба доми қчоқгарони инсон афтодаро манзури тамошобинон гардонанд.

Ҳарду саргузашти филм воқеӣ буда, дар Албания ба вуқӯъ пайвастаанд. Духтарон мавриди фиреби наздикону шиносҳои худ қарор гирифта, дар фарҷом тақдири бад онҳоро ба фоҳишагарӣ дар ғарибӣ оварда мерасонад. Мутаассифона, тақдири аксари ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон ҳамсони қаҳрамонони ин филм аст. Айни замон филми мазкур ба 15 забон тарҷума шудааст.