Яке аз собиқадорони журналистикаи Тоҷикистон, собиқ директори Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА) Зайниддин Насриддинов имрӯз дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз дар масҷиди Сариосиёи пойтахт маросими ҷанозаи ӯ доир гардида, ҷасади ӯ дар оромгоҳи ҳамин маҳалла ба хок супурда мешавад.

Зайниддин Насриддинов қариб нисфи ҳаёти худро ба журналистика бахшидааст. Ӯ соли 1930 дар Панҷакент ба дунё омада, нахуст омӯзишгоҳи педагогӣ ва сипас Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст.

Соли 1951 Насриддинов ба фаъолияти журналистӣ пардохт. Ба ҳайси муҳаррири газетаи «Зарафшон», хабарнигори рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх», муовини муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», муовини мудири шуъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 1969 то соли 1994 вазифаи роҳбарии директори Тоҷикта – феълан Агентии миллии итттилотти «Ховар»-ро ба уҳда дошт.

Зайниддин Насриддинов Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстии зхалқҳо», «Нишони фахрӣ» ва дигар ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.

Кормандони Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешовандону наздикони Зайниддин Насриддинов изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил металабанд.