Аз оғози соли равон 440 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 50 кишвари саросари ҷаҳон барои фаъолият дар Тоҷикистон расман иҷозатнома гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, соли гузашта 1 ҳазору 274 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон расман иҷозатнома дастрас карда буданд.

«Аксари шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор дар Тоҷикистон иҷозатномаи расмӣ доранд, шаҳрвандони кишварҳое мебошанд, ки дар ҷумҳурии мо лоиҳаҳои бузург дар бахши сохтмону таҷдиди роҳҳо ва бунёди корхонаҳои саноатиро амалӣ мекунанд», - қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин шумор 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи сохтмон, 147 нафар – дар истеҳсолот, 9 нафар – дар бахши тандурустӣ, 26 нафар – дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, 5 нафар – дар бахши аграрӣ, 5 нафар – дар соҳаи маориф, 51 нафар – дар саноат, 60 нафар – дар савдо ва 20 нафар – дар бахши хизматгузорӣ машғули коранд.