Дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» шурӯъ аз 12-уми май дар 51 гузаргоҳи пойтахт камераҳои мушоҳидаи видеойӣ насб карда мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод.

«Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» кӯчаҳои наздики маҳаллаи Қарияи Боло, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, комбинати шир, корхонаи нассоҷӣ, бозорҳои «Султони Кабир» ва «Саховат»-ро фаро мегирад», - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ дар 21 гузаргоҳи маркази шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалисозии марҳилаи аввали лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз 31-уми октябри соли гузашта, далелҳои пахши роҳгузарон аз ҷониби автомашинаҳо 6 маротиба ва ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 50% кам шудаанд.

«Марҳилаи сеюми хотимавии лоиҳаи мазкур, ки тамоми шаҳрро фаро мегирад, охири соли равон мавриди амалисозӣ қарор мегирад», - афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки насби камераҳои назорати видеойӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе ҳанӯз моҳи августи соли гузашта оғоз гардида буд. Лоиҳаи мазкур дар доираи созишнома миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахти Тоҷикистон дар симчӯбҳои 6,5 метраи дорои назорати 360 дараҷа тақрибан 850 адад камераҳои мушоҳидаи видеойӣ насб мегарданд.

Арзиши лоиҳа 22 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад, ки аз ин маблағ 20,9 млн. доллари ИМА қарзи дарозмуҳлати Чин ва 1,1 млн. доллари ИМА ҳиссаи Тоҷикистон аст.