Анонс

- Дар бинои Донишгоҳи тиббӣ таҳти унвони «Ҷорисозии тибби исботшаванда дар ҶТ» семинар доир мегардад. Оғоз соати 08-30;

- Дар Кӯлоб миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) бозии мавқуфгузоштаи Чемпионати Лигаи олии футбо ли Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16-00.

Қурби асъор

1 доллари ИМА -  4.8998 сомонӣ;

1 евро - 6.9039 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1388 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа

1960 – Қонуни ИҶШС дар бораи тадриҷан бекор кардани андоз аз музди меҳнат қабул шуд.

1960 – Қонуни ИҶШС дар бораи ҷорӣ кардани рӯзи кории 7-соата ба тасвиб расид.

1992 — Таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ

1992 – Инқилоби май дар Тоҷикистон.

2000 – Маросими савгандёдкунии нахустини Владимир Путин ба сифати президенти Русия.

1929 – Зодрӯзи актёр, коргардони театр, Арбоби щоистаи Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов.

1935 – Мавлуди академик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Пӯлод Усмонов.

1948 – Зодрӯзи овозхони опера, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Адҳам Холиқов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +19+24;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +7+12.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +20+32.