Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон додани раводиди сафар ба ду нафар намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - Илҳомҷон Ёқубов,  раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар  Суғд ва сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷони Файзраҳмонро рад кардааст. Дар ин бораи ба «Азия-Плюс» Илҳомҷон Ёқубов хабар дод.

Ба қавли ӯ, Маркази исломии Амрикои Шимолӣ ҳайати ҲНИТ-ро таҳти сарварии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дар кори маҷлиси ҳамасолаи худ, ки рӯзҳои 24-26-уми май дар Балтимор доир мегардад, даъват кардааст.

«Бо назардошти дар ин муҳлат бо иҷрои вазифаҳои муҳим банд будани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, ки моро ба Балтимор фиристад, вале бо сабабҳои номаълум додани раводиди сафар ба моро рад карданд», - афзуд Ёқубов.