Анонс

- 11 май дар Душанбе таҳти сарварии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушуниди гурӯҳҳои кории кишварҳо оид ба масоили марзӣ доир мегардад;

- 11 май дар Душанбе фестивал-намоишгоҳи дуюми ретро-автомобилҳои «Авто Ретро Душанбе» баргузор мешавад.

Қурби асъор

1 доллари ИМА -  4.9037 сомонӣ;

1 евро - 6.8648 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1407 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

10 Май

1956 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ пардохти маблағ барои таҳсил бекор шуд.

1934 – Дар Хонаи Артиши Сурх Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон ба кор шуруъ кард.

1939 – Ифтитоҳи Анҷумани V-уми Иттифоқи коммунистии ҷавонони Тоҷикистон.

1995 – Асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рубл ҷорӣ шуд.

1914-1976 – Зодрӯзи оҳангсоз Фозил Солиев.

1920 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Саъдӣ Сироҷиддинов (ректори Донишгоҳи давлатии Тошканд, ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон, раиси Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон).

1925 – Мавлуди журналист Ғоибназар Қаландаров.

1937 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Шамсӣ Низомов.

1937 – Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС Ҳошим Гадоев.

1938 – Мавлуди Корманди шоистаи Тоҷикистон Назрулло Абдулваҳҳобов.

1940-1997 – Зодрӯзи олим Ҳомид Усмонов.

1946 – Мавлуди Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия.

1953 – Зодрӯзи Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ.

1960 – Мавлуди нависанда Гурез Сафаров.

1966 – Зодрӯзи кимиёшинос Ҷамила Лангариева.

11 Май

1936 – Таъсиси ноҳияи Ӯротеппа (феълан Истаравшан).

2004 – Бародарони собиқ яке аз фармондеҳони мухолифин Ризвон Содиров – Валиҷон ва Фахриддин аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

1951 – Зодрӯзи Амонулло Ҳукумов, собиқ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

1951 – Мавлуди адабиётшинос Азим Аминов.

1953 – Зодрӯзи актёри театр Холмурод Сиддиқов.

1955 – Мавлуди профессор Абӯмуталиб Бобоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ, жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ, жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +21+26;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда,шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, жола, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.