Аз 13 то 16-уми май дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ санҷиши роҳбарони 509 муассисаи динӣ гузаронида мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъбаи Кумитаи умури дин дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби кормандони Кумита, шӯрои уламои маҳаллӣ ва имомхатибони 57 масҷиди ҷомеъ санҷиши дониш ва мутобиқати беш аз 500 нафар ходимони дин ба вазифаи ишғолкардаашонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни санҷиш ба 12 масҷиди минтақа имомхатибон таъин карда мешаванд. «Масъалаи кори имомхатибони ҳозира низ чандон рӯшан нест, шояд касе аз мансабаш сабукдӯш гардад», - гуфт Абдулҳамидов ва илова кард, ки санҷиш дар минтақаи ҷануби кишвар имрӯз аз ноҳияи Мӯъминобод оғоз гардид.