Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир гардида, дар он бо инобати  оғоз гардидани фасли гармо ва пешгирӣ аз хурӯҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ вазъи санитарию экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳалллаҳо, ки зери масъулияти раисони ноҳияҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои назорати давлатӣ дар ин соҳаро вазифадор намуд, ки ҳолати барориши партовҳои сахти маишӣ дар соатҳои муқарраргардида, коркарди санитарии нақлиёти марбута пас аз партовгоҳи шаҳрӣ ба ҳудуди пойтахт ворид шудан зери назорати доимӣ қарор дода, аз воқеияти ҷойдошта ба Раиси шаҳр иттилоъ манзур созанд.

Барои ташкили назорати ҷамъиятӣ дар беҳдошти вазъи санитарию экологии шаҳр аз сокинони пойтахт низ даъват ба миён овард, ки дар ин ҷода бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри баланд бардоштани масъулияти хизматии роҳбарони сохторҳои  зидахли ноҳиявӣ, ҷиҳати иттилоонии масъулин аз хизматрасонии сомонаи www.mometavonem.tj истифода намоянд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулин ба ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, сабзкории боғу майдонҳо ва канораи роҳҳои нақлиётӣ ҷалб гардида, дастур гашт, ки комиссияи махсуси экологӣ ҳолати нашъунамои дарахтони интиқолии дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр шинонидашударо ба риштаи таҳқиқ кашад.