Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои фаврӣ барои осебдидагон баргузор мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 13 то 15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар иттилоияи намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон омӯзиши иқдомоти фавриятии пизишкӣ барои 20 пизишки бахши фавриятӣ баргузор хоҳад шуд. Омӯзандагони сатҳи ҷаҳонӣ аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, ки дар арсаи ироаи кумакҳои аввалияи тахассус доранд, меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморонро омӯзиш хоҳанд дод. Ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши маргу мир бар асари як осеби умда аст.

Гуфта мешавад, баргузории ин омӯзиш бо мусоъидати фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ дар робита бо созмондиҳӣ имконпазир шуд.

 Ҷулӣ Курӣ, намояндаи бахши беҳдошти КБСС гуфтааст: «Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу тақвияти дониш ва маҳоратҳои мутахассисон аст, ки дар бахши кумакҳои фавриятии пизишкӣ кор мекунанд».

Зимнан зикр мегардад, ки барномаи ин давраи омӯзишӣ аз муҳимтарин масоил ва ҷанбаҳои ироаи кумакҳои фавриятӣ, бавижа дар шароити майдонӣ иборат аст.