Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10,2 млн. доллари ИМА кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ин кӯмак бо вазни умумии беш аз 3,8 ҳазор тонна аз ҷониби 26 кишвар расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Нидерланд – 21,5%, Русия – 19,7%, ИМА – 14,7%, Чин –12,3%, Ҷумҳурии Корея – 9,9%, Дания – 5,6% , Эстония – 3,9%, Олмон – 3,6%, Швейтсария – 1,8%, Австрия – 1,2%, Латвия – 1,1%, Ҳиндустон, Булғория ва Эрон – 0,9%-ӣ, Туркия – 0,5%, Украина – 0,2% ва ғайра рост меояд.