Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шомилкунии занони муқими ноҳияи кӯҳистон ба иқтисоди маҳаллӣ тавассути рушди ҳунармандӣ ва иштироки онҳо» дар Арт-галереяи «Мино»-и пойтахт таҳти унвони «Занон ва кӯҳҳо» намоишгоҳи акс ва ҳунари занон ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти дастандаркорони чорабинӣ, намоишгоҳ бо мақсади шиносоии сокинони шаҳр бо ҳаёту рӯзгори занони муқими манотиқи кӯҳистон созмон дода шудааст. «Тавассути баргузории намоишгоҳ ва ба маърази тамошои ом гузоштани маснӯоти ҳунармандии онҳо, ки ҳаёти занони тоҷикро дар авулҳои кӯҳӣ таҷассум месозанд, аз ба миён омадани муколамаву ҳамкорӣ миёни шаҳр ва деҳоти кӯҳистон интизорӣ меравад», - гуфтанд дастандаркорони чорабинӣ.

Намоишгоҳи «Занон ва кӯҳҳо» хусусияти иҷтимоӣ дошта, як ҳадафи дигари баргузории он ҷалби ҷомеа ба зиндагии занон дар деҳоти кӯҳистон бо тамоми мушкилоту душворӣ ва хурсандиву фараҳи марбут ба он аст.

Ба андешаи созмондиҳандагони чорабинӣ, намоишгоҳ ба беҳбуди рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандону косибони зарафшонӣ миёни дигар манотиқ мусоидат карда, барои онҳо муфид ва нуфузи ташкилотро боло мебарад.

Чорабинии мазкур дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон гузаронида мешавад.