Дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд даъвати баҳории имсола ба хизмати ҳарбӣ натичагирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавнописарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд санаи 28-уми май ба андозаи 101,8% иҷро гардида, 160 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуданд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, гусели аввали гуруҳи ҷавонони 22 нафара санаи 3 апрел сурат гирифта буд. Инҳо ҷавононе буданд, ки бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Барои аз хизмат саркашӣ кардани 7 нафар даъватшаванда нисбати онҳо мавод тартиб дода шудааст. Дар баробари ин дар даъвати имсола 7 нафар фарзандони шахсони мансабдор ба хизмат фиристода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин марҳила барои хароҷоти даъват ва фаъолияти самараноки он аз ҳисоби Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд. Новобаста аз сари вақт иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири бартараф намудани чанд камбудиҳо аз қабили саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, пинҳон кардани фарзанд аз ҷониби волидайн то ҳол вуҷуд дорад. Ва дар ин самт корҳои ташвиқотӣ ва фахмонидадиҳӣи гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Ҳикматулло Баротов ваъда дод, ки камбудиҳое ки дар даъвати баҳорӣ буд, дар даъвати тирамоҳӣ такрор нахоҳанд шуд.

Барои беҳтар кардани сифати даъвати тирамоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод то аз ҳафтаи нав корхои ташвиқотӣ барои даъвати тирамоҳӣ оғоз гардад. Дар ҷамбаст Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ кормандони комисариати ҳарбии шаҳр, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва масъулинро қадрдонӣ намуд.