Ахири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сафари корӣ аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.

Дар ҷараёни сафар дар ҳавлии техникуми кишоварзии ноҳия маросими қабули сокинони маҳаллӣ аз ҷониби раиси вилояти доир гардида, дар он муддати зиёда аз 5 соат Абдураҳмон Қодирӣ арзу шикояти аҳолиро шунид.

Дар чорабинии мазкур мансабдорони ҳукумати вилоят, намоянагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ва ҳамчунин сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Ба раиси вилоят 60 нафари пешакӣ номнависшуда ба савол ва мушкилоти мавҷудаи мушаххас муроҷиат намуданд. Саволу мушкилот аслан ба масоили замин, таъминот бо об ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут буданд. Якчанд нафар бо дархост кумаки моддӣ муроҷиат намуданд.

Аксари саволу пешниҳоди аз ҷониби сокинони ноҳияи Мастчоҳ зикргардида бевосита зимни қабул ҳаллу фасл шуда, дигар масъалаҳо аз ҷониби комиссияи махсус баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор мегиранд.