Cавдои боадолати Аврупо ҳамчун бозори алтернативӣ, саноати алмосӣ дар Антверпен (Белгия), сиёсати Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои фоидаи соҳибкории миёна ва хурд, стратегияи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бештар бурдани ҳунармандии миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ, намоишгоҳи хунармандии байналхалқӣ дар Флоренсия (Итолиё) – ин ва дигар мавзӯъҳо дар чорабинӣ, ки оиди мубодилаи афкор, дар Маркази Исмоилӣ, ш. Душанбе, 18 июни соли 2014, рӯзи чоршанбе соати 10:00, баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 ҳунармандон, намояндагони идораҳои давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои миёнаравии тиҷоратӣ иштирок мекунанд.

Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, сафари шиносоӣ, ки дар қарибӣ баргузор гардида буд, ба Иттифоқи Хунармандони Тоҷикистон (ИХТ) ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ), ки дар сафари 8 рӯза дар Нидерландия, Белгия ва Итолиё баргузор гардида буд, имконият барои баён ва муҳокима кардани ақидаҳо, алоқа ва таҷрибаи пешқадами медиҳад. Ин мубоҳисаи норасмӣ барои қолиби аниқ бо инобати модели аврупоӣ, ки метавонад дар Тоҷикистон бар бахши ҳунармандӣ ва соҳибкории хурд истифода бурда шавад, муайян карда мешавад.

Сафари шиносоӣ - мубодилаи назарҳои норасмӣ буда - қисми лоиҳаи 2-сола «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат» буда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Central Asian Invest маблағгузорӣ карда шуда истодааст.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва ҳам маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои устуворкунии ҳамкории байни ин ду давлати Осиёи Миёна ба хотири тараққии соҳаи соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ мусоидат мекунад.