Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор шуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсол 28-уми июн оғоз мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд, намози таровеҳи якум шаби ҷумъа ба шанбе, 27 ба 28-уми июн баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шарити ислом бо нархи 2 кило орд муайян гардидааст.

Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки рӯза дошта наметавонанд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ диҳанд, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ хайр кунанд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди  бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.