Дар ҷараёни иҷлосияи 28-уми Шӯроии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 27 март дар Женева аз ҷониби давлатҳои Беларус ва Русия бо дастгирии кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 изҳороти муштарак садо дод.

Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар изҳорот аҳамияти муҳими ҷашни Рӯзи Ғалаба - 9 май барои мардуми кишварҳои мо, ки дар несту нобуд кардани фашизм саҳми ҳалкунанда гузошта, ба хисороти зиёди моливу талафоти ҷонӣ дучор шуданд, махсус таъкид шудааст. Дар изҳорот ба ҳамаи ҳалокшудагон дар майдони ҷанг ва қурбониёни фашизм арзи эҳтиром изҳор шудааст.

Гуфта мешавад, дар изҳорот ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод шудааст, ки ба масъалаҳои роҳ надодан ба кӯшишҳои ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтани сабақҳои ҷанг ва таҳрифи натиҷаҳои маънавӣ ва ҳуқуқии он таваҷчуҳ зоҳир гардад, зеро қаҳрамонсозӣ аз ҳаракатҳои фашистӣ ва эҳё намудани ақидаҳои он ба ривоҷи таҳаммулнопазирӣ, табъиз, ифротгароӣ ва бадбинӣ дар заминаи этникиву нажодӣ ва мазҳабӣ боис мегардад.

Дар изҳороти муштарак ҳамчунин қайд шудааст, ки бо чунин таҳдидҳо бояд ҳамаи давлат ва халқҳои ҷаҳон мубориза баранд, то ки фоҷеаҳои нав пешгирӣ шуда, барои наслҳои оянда сулҳу амният таъмин гардад.