Анонс

- Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Сурия вохӯрии дӯстона доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.8014 сомонӣ;

1 евро – 6.3007 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.100 3 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1935 – Роҳи мошингарди Душанбе-Ӯротеппа-Ленинобод (феълан Хуҷанд) мавриди истифода қарор гирифт.

1960 – Дар Ҷашнвораи байнулмилалии дуюми кинои кишварҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира кинофилми «Тақдири шоир» ба ҷоизаи аввал сазовор гардид.

1975 – Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТадАЗ) – корхонаи бузургтарини металлургияи ранга дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд.

1993 – Роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров ва фармондеҳи бригадаи махсуси ВКД ҶТ Файзалӣ Саидов ба ҳалокат расиданд.

2004 – Дар Тоҷикистон тамоми захираҳои минаҳои зидди пиёдагард нобуд карда шуд.

2010 — Оғози нахустин сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур.

2010 — Механизми толлингии идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе - Чанак мавриди амал қарор гирифт.

2013 — Ҳукумати Тоҷикистон иштироки ширкатҳои Total SA-и Фаронса ва China National Petroleum Corporation (CNPC)-и Чин дар корҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.  

1326 – Зодрӯзи шоири форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ.

1941 – Мавлуди олим Ҳикмат Сафаров.

1959 – Зодрӯзи журналист Бурҳониддин Каримзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст. 

Ҳарорат: дар ғарб шабона+1+6, рӯзона +6+11; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.      

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +13+15. 

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда,баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.