Ҷаноби Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, рӯзи 25 уми марти соли 2015 дар маросими ба охир расидани “Лоиҳаи барқарор намудани шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи минтақавии ҷамоъати “Лахш”-и ноҳияи Ҷиргатол” ширкат варзид.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ, лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо ҳаҷми умумии 111 ҳазору 133 доллари ИМА маблағгузорӣ гардид.

Гуфта мешавад, ҳар сол мизоҷони зиёде ба беморхонаи минтақавии ҷамоати Лахш муроҷиат мекунанд, вале бо вуҷуди ин (бинои 30-сол пеш сохташуда) шӯъбаи ҷарроҳӣ дар ҳолати номатлубу нохушоям қарор дошт. Феълан, бо анҷом ёфтани лоиҳа, бинои нав барои шӯъбаи ҷарроҳӣ бунёд гардида бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки ба таври босамар муҳити мусоидро барои амалиётҳои ҷарроҳӣ фароҳам овард.

Рӯзи 26 март, ҷаноби Камадабарои иштирок дармаросими ба итмом расидани «Лоиҳаи беҳтаргардонии беморхонаи маҳаллӣ дар ҷамоати Қароқули ноҳияи Мурғоб» ба ноҳияи Мурғоб ташриф овард. Мисли сойир лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Мурғоб бо маблағи 120 ҳазору373 доллари ИМА бо мақсади сохтмони бинои нав барои беморхона ва дастрас намудани таҷҳизоти нави тиббӣ дастрас гардида буд.

Бинои кӯҳнаи беморхона дар солҳои 1960-ум сохта шуда системаи изолятсионии муносиб надошт. Биноан ҳамаи беморон ва духтурон маҷбур буданд, ки дар шароити сахти зимистонҳои тӯлонӣ бидуни таҷҳизоти зарурии тиббӣ тоб оварда, табобату фаъолият намоянд. Алалхусус, занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод дар чунин ҳолат осебпазир буданд. Бо амалишавии лоиҳаи мазкур беморхона ба бинои нав кучонда шуда дар он таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардид.

Дар таърихи 29 март ҷаноби КАМАДА дар маросими бомуваффақ ба охир расидани «Лоиҳаи паст кардани хавфи офатҳои табии қад-қади дарёи Панҷ», ки дар яке аз 6 деҳаи амалишавии лоиҳа, яъне қишлоқи Сижди ноҳияи Шуғнон баргузор гардида буд, ширкат варзид. Маблағи умумӣ ба ҳаҷми 103 ҳазору ,867 доллари ИМА аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои мустаҳкамкунии соҳилҳо дар: а) қишлоқи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа ва қишлоқҳои Барсем ва Шитами ноҳияи Шуғнон; б) барои сохтмони купруки пиёдагард дар қишлоқи Сижди ноҳияи Шуғнон ва қишлоқи Андарви ноҳияи Роштқалъа; в) барои барқарор намудани канали обёрӣ дар қишлоқи Биҷури ноҳияи Роштқалъа, ҷудо гардид. Дар ҳоле ки Ҳукумати Ҷопон лоиҳаро маблағгузорӣ намуд, лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмиллалии Фокус Кумаки Башардӯстона бомуваффақ амалӣ гардонида шуд.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.