Корпоратсияи радиошунавонии бритониёии Би-Би-Сӣ (ВВС) аз имрӯз, 1 апрел фаъолияти бахши тоҷикии торнамои худро қатъ кард.

Дар ин робита 7 нафар кормандони он ихтисор шуда, вобаста ба муҳлати кор дар хабаргузорӣ ба ҳар кадоме аз ин кормандон ҷубронпулиҳо пардохт карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар баёнияи худ Би-Би-Сӣ изҳор доштааст, ки қатъи фаъолияти хадамоти тоҷикии хабаргузорӣ ва ихтисори кормандони он ба мушкилоти молии ширкат рабт дорад, вале ин маънои оно надорад, ки ширкат комилан Тоҷикистонро тарк мекунад. Барои инъиксои ҳодисаву рӯйдодҳо дар Тоҷикистон хабарнигорони хадамоти форсӣ ва русии Би--Би-Сӣ фаъолият хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, буҷети корпоратсия ба миқдори панҷ миллион фунт коҳиш ёфта, дар саросари ҷаҳон 105 кормандони хабаргузорӣ ихтисор шудаанд.

Рӯзноманигор ва аксбардори маъруф Муҳиддин Олимпур аввалин хабарнигори ин расона дар Тоҷикистон буд, ки соли 1995 аз дасти афроди мусаллаҳ ба қатл расонида шуд.