Бо қарори Раиси вилояти Суғд  аз 30 марти соли 2015, ҷоизаи раиси вилоят дар соҳаи маориф таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз таъсиси ҷоиза таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳавасмандкунии моддию маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии дорои дастовардҳои беҳтарин дар таълиму тарбияи хонандагон аст.

Гуфта мешавад, озмун барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, ҷоиза ба ғолибон аз ҷониби Раиси вилоят дар машваратии августии кормандони соҳаи маориф супорида мешавад. Ҷоиза аз 3 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки омӯзгороне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, барои шиносоӣ бо шартҳои озмун, тартиби гузаронидани озмун, тартиби баҳодиҳӣ ва ғайра метавонанд ба Раёсати маорифи вилояти Суғд муроҷиат намоянд.