Анонс

- Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад. Оғоз соати 10-30;

- Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо ВКД дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

- Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то санаи 9 апрел идома меёбад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.9014 сомонӣ;

1 евро – 6.3125 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.100 8 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии китоб барои кӯдакону наврасон.

2001 – Дар ҶТ ислоҳоти пулӣ ба итмом расид. Алорағми пешгӯйиҳои шаккокон, сомонӣ бидуни мушкилӣ ва сарусадо рубли русиро иваз кард.

2009 — Дар ҶТ қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди амал қарор гирифт.

2009 — Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР-Планета»-и Русия дар Тоҷикистон пурра қатъ карда шуд.

2014 — Суди иқтисодии Душанбе даъвои Агентии зиддифасод дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП «Гулистон»-ро, ки бастаи назоратии саҳмияҳо (95%)-и он ба тоҷири сарватманди украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, қонеъ намуд.

1935 – Зодрӯзи фарҳангшинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Зайниддин Ҳакимов.

1958 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театру кино Лутфулло Давлатов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +10+15; дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона бидуни боришот.       

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19. 

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.