Романи «Масъуди сипаҳсолор»-и нависандаи тоҷик, журналист аз Кӯлоб Саид Раҳмон бо забони дарӣ дар Афғонистон ба нашр расид.

Муаллифи роман Саид Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин асар соли 2008 бо забони тоҷикӣ ба чоп расида, баъди як сол дар озмуни вилоятии ба номи Носири Хусрав ба ҷоизаи аввал соҳиб гардид.

«Нашри роман дар бораи қаҳрамони миллии Афғонистон бо забони модарии ӯ бо мусоидати шоири саршиноси афғон ва сиёсатмадор Абдулатиф Пидром, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ба унвони «Шаҳрванд ифтихории Кӯлоб» шарафёб гардидааст, муяссар шуд», - изҳор дошт С.Раҳмон ва қайд кард, ки ба туфайли мусоидати сардабири ҳафтавори «Миллат» Адолати Мирзо соли 2014 ӯ дар Кӯлоб бо шоири афғон мулоқот кардааст.

Муаллифи роман ҳамчунин ба тарҷумони маъруфи тоҷик Саидмурод Исмоилов барои тарҷумаи фаврӣ ва хушсифат миннатдорӣ изҳор намуд.