Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои муоинаи тиббии навхонадорон аз Олмону Чин ва Русия таҷҳизоти махсус дастрас намуд.

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки харидории таҷҳизоти махсус барои муоинаи генетикии издивоҷкунандагон идома дошта, дар назди таваллухонаи №1-и пойтахт бинои махсуси Маркази миллии муоинаи генетикӣ сохта мешавад, ки ин таҷҳизот дар он насб шуда, ҳадафи он таҳқиқи мутобиқати генетикии издивоҷкунандагон қабл аз никоҳ аст.

Ба гуфтаи ӯ, муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ дар қонунҳои аллакай ҷорӣ «Дар бораи қонуни репродуктивӣ» ва «Дар бораи оила» зикр шудааст. «Айни замон мо ҷиҳати ҷорисозии механизми мазкур санадҳои меъёрии зерқонунӣ таҳия мекунем, масалан дар кадом ҳолатҳо шаҳрвандон бояд ҳатман аз муоина гузаранд, оё барои ин кадом як нишондиҳандае мавҷуд аст ва он чӣ гуна сурат мегирад. Мо ҳама хоҳони онем, ки дар оилаҳои тоҷикистониён фарзандони солим ба дунё оянд, вале вазифаи асосии мо дар он ҳам ифода меёбад, ки ин механизм ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои инсонро поймол насозад», - афзуд Ҷаъфаров.

Ёдрас мекунем, ки дар Паёми ахири худ ба парлумон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз таваллуди шумори зиёди кӯдакони маъюб, ки дар оилаҳои хешу таборон ба дунё омадаанд, нигаронӣ изҳор намуда зикр кард, ки дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.

«Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд», - иброз дошт президент.

Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳоро сарвари давлат бо он маънидод намуд, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.

Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифадор карда шуданд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.