Дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон имрӯз маросими рӯнамоии китобча (маълуомтнома)-и кисагии «Амнияти рақамӣ» баргузор мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар ин робита гуфт, ҳодисаҳои ахир дар бахши ВАО-и Тоҷикистон бозгӯи онанд, ки дар мубориза бо озодии баён ва иттилоот дар кишвари мо шикастани почтаҳои электронӣ ва аккаунтҳои журналистон, ҳамчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гӯш додани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар киберҷиноятҳо ба чизи маъмулӣ табдил мешаванд.

«Хатарҳо ҳамчунин дар дуздии маълумоти шахсии корбарони технологияҳои рақамӣ (маълумоти шахсӣ, ҳуҷчатҳо) ва аз нигоҳи ҷисмонӣ пайдо кардани макони будубоши шахс (геолокатсия, IP суроғаҳо ва ғайра) низ зоҳир мегарданд», - иброз дошт ӯ.

Раиси АМВАОМТ мутмаин аст, ки хабарнигороне, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро инъикос мекунанду ба тафтишот машғуланд ва маводи онҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи маҳаллӣ ва байнулмилалиро бештар ҷалб мекунад, дар давраи рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ зиёдтар ба хатарҳо мувоҷеҳанд.

Китобча дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Амнияти рақамӣ барои журналистони тоҷик» бо дастгирии International Media Support (Дания) ба нашр расида, дастурест барои рӯзноманигорон ҷиҳати таъмини амнияти фаъолияти касбӣ ва манбаъҳои маълумоти онҳо.