Коргардон ва сенариянавис Бахтиёр Худойназаров дар синни 50-солагӣ дар Олмон аз олам даргузашт. Ахиран ӯ дар шаҳрҳои Маскаву Берлин иқомат дошт.

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе зода шудааст. Дар радиову телевизион ба ҳайси журналист ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати ёвари коргардон фаъолият намудааст.

Соли 1989 бахши коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқи кинематография, гурӯҳи ҳунарии Игор Таланкинро хатм кардааст.

Филми нахустини ҳунарии ӯ бо номи «Братан» (Бародар) соли 1991 дар жанри Road-Movie дар биёбони Осиёи Миёна наворбардорӣ шуда, дар ҷашновараҳои байнулмилалӣ ба як қатор ҷоизаҳо сазовор дониста шуд.

Филми дуюми коргардон «Қош-ба-қош» (соли 1993), ки замони даргирҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуд, дар ҷашнвораи кинои Венетсия ба дарёфти ҷоизаи «Серебрянный лев» (Шери нуқрагӣ) шарафёб гардид.

Филмҳои аз ҷониби Бахтиёр Худойназаров наворбардоришудаи «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) бо ҳунарнамоии актёрон Чулпан Хаматова ва Морится Блябтрой дар соли 1999 низ аз ҷумлаи корҳои арзандаи ӯ ба шумор рафта, драмаи экологии «В ожидании моря» (Дар интизории баҳр) ба ифтитоҳи Ҷашнвораи VII кинои Рим дар соли 2012 ҳусни оғоз бахшид.