Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки санаи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт пешбинӣ гардида буд, рӯзи 7 май доир мегардад.

Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби ба санаи дигар гузаронидани ин чорабинӣ дар он аст, ки рӯзҳои 8-9 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ва гузашти пуршукӯҳи низомӣ дар Майдони Сурх дар шаҳри Маскав қарор хоҳад дошт.

Дар гузашти низомии пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор нафар низомиён ширкат хоҳанд варзид. Дар гузашт ба ҷуз сарбозону афсарони Қвваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Гузашти низомӣ таҳти фармондеҳии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллахи Тоҷикистон генерал-майор Бахтиёр Рузминшоев доир гардида, онро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул хоҳад кард.

Дар маросими гузашти низомӣ раҳбарияти кишвар, роҳбарони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанаӣ, волидони сарбозону афсарон иштирок хоҳанд кард.