Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи имрӯз аз бозори «Шоҳмансур» боздид намуда, бо тоҷироне, ки ба маркази савдои «Пойтахт-90» кӯчонида мешаванд, мулоқот кард.

Сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси пойтахт ба тоҷирон сабабҳои кӯчонидан ба дигар нуқтаҳои фурӯшро шарҳ дод.

«Раиси шаҳр қайд кард, ки бозори «Шоҳмансур» аз оғози фаъолияташ на барои савдои масолеҳи сохтмону маҳсулоти саноатӣ, балки барои фурӯши сабзавоту мева ва маводи ғизойӣ пешбинӣ гардида буд. «Ғайр аз ин, дар баробари зиёд шудани шумори нуқтаҳои фурӯшу мағозаҳо дар қаламрави бозор, мушкилоти марбут ба таваққуфгоҳи автомашинаҳо, вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ пайдо шуданд», - гуфт Амонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мағозаҳои ин тоҷирон кӯчонида намешаванд, лекин дар онҳо танҳо сабзавоту мева ва маводи ғизойӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

«Ба тоҷироне, ки маҳсулоти саноатии хушсифат савдо мекунанд, дар маркази савдои «Пойтахт-90» ва ба боқимонда тоҷирон дар бозорҳои дигари пойтахт ҷой дода мешавад. Аллакай 15 нафар тоҷирони масолеҳи сохтмон ва молҳои рӯгзгор ба идомаи кор дар «Шанхай бозор» розӣ шуданд», - қайд кард Амонов.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки то имрӯз 80 нафар тоҷирони машғул ба фурӯши хушкмева ва 10 нафар савдогарони асал, ки дар бозори «Шоҳмансур» фаъолият доштанд, аллакай дар маркази савдои «Пойтахт-90» бо фурӯшгоҳ таъмин карда шудаанд.