Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи ҷудо кардани кумаки якдафъаинаи пулӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватанӣ (ҶБВ) ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба қарор ба имзо расонид.

Тавре дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ медиҳад, барои кумаки якдафъаинаи молӣ ба иштирокчиёну маъюбон ва собиқадорони ҷанги маскуни пойтахт 716 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардидаба ҳар кадоме ба андозаи 1000 (ҳазор) сомонӣ, ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ, дар давраи  ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи  700 (ҳафтсад) сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Дар қарори раиси пойтахт ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ дар шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, ботантана аз номи мақомоти шаҳрдории Душанбе на дертар аз 7 майи соли ҷорӣ супоранд.