Ба китобхонаву мағозаҳои китоби Тоҷикистон дастури таълимии нави «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони кории тоҷик ворид гардид, ки аз ҷониби номзади улуми фалсафа, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти ҶТ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва собиқ сухангӯи сарвари давлат Зафар Сайидзода таҳия шудааст.

Ба андешаи муаллиф, дастури таълимӣ барои омӯзиши мустақилонаи таърихи Русия аз замони қадим то давраи муосир пешбинӣ шуда, ҳадаф аз таҳияи он кумак ба муҳоҷирони кории тоҷик барои огаҳӣ пайдо кардан аз маълумоти оддӣ дар бораи таърих ва фарҳанги Русия аст.

Таҳиягар дар заминаи истифода аз ҳаҷми зиёди адабиёт кӯшиш ба харҷ додааст, ки роҷеъ ба таърихи ин кишвар ҳари бештар маълумот гирд оварда, мазмуну мундариҷаи онро дар шакли бештар мухтасар ва мувофиқи имкон бо забону соддаву фаҳмо баён созад.

Сайидзода қайд мекунад, ки ҳангоми таҳияи дастури таълимии мазкур ӯ аз қисматҳои матнҳои дар ихтиёри худаш қарордошта ва маводи илмии муаррихони Русия, ки бо нуктаи назари ӯ мутобиқанд, истифода кардааст.

Ба андешаи нависандаи тоҷик Абдувоҳид Ғаффорӣ, дастури таълимии нашршударо метавон «Таърихи Русия барои дӯстдорони Русия» низ номид. «Муаллиф ба ҳеҷ ваҷҳ ба эҳсосот дода намешавад, танҳо рӯҳияи шахсонеро ифода мекунад, ки Русия барояшон хонаи дуюм шудаасту онҳо дар ин ҷо паноҳгоҳу умеде дарёфта, барои кору таъмини рӯзгор имкон пайдо кардаанд», - иброз дошт А.Ғаффорӣ.