Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба анҷом додани пардохти хароҷоти зоирин дар маросими Ҳаҷ-2015 бо пули миллӣ шартнома ба тасвиб расонид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии БМТ, тибқи санади мазкур зоирин арзиши хароҷоти сафари ҳаҷро танҳо бо сомонӣ пардохт намуда, хароҷоти минбаъдаи Кумита бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллӣ тавассути мубодилаи маблағҳои бо сомонӣ ҷамъоваришуда таъмин карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки солҳои пешин низ Бонки миллӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи умури дин қурби ягонаи доллар барои ҳамаи зойиринро муқаррар карда баданд, ки мутобиқи он афроди ба ҳаҷ раҳсипор асъорро харида метавонистанд. Масалан, дар мавсими ҳаҷи соли 2014 ин қурб - 4,97 сомонӣ ва соли 2013 - 4,83 сомонӣ муқаррар шуда буд, ки зойирин тибқи ин қурб долларро харида буданд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз арзиши квота барои зойирин муайян карда нашудааст. Кумитаи умури дин инро ба он нисбат медиҳад, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имсол ҳамлу нақли зойирин тариқи ҳавопаймоҳоро ҳамроҳ ба иҷро мерасонанд ва дар ин робита бо назардошти ҳамаи хароҷот, ҷонибҳо бояд ба мувофиқа расанд.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими «Ҳаҷ-2015» 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд.