Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тоир Каримов рӯзи 20 май роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Душанбе Владислав Маркевичро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ба масъалаи афви шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан барои риоя накардани қоидаҳои будубош аз Русия хориҷ шуда буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид шудааст, ки ин мушкилот танҳо бо талошҳои ҳарду ҷониб роҳҳалли худро пайдо карда метавонад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба омодагӣ ба ҷаласаи 10-уми гурӯҳи кории муштарак (27-29 май) оид ба амалисозии Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи муҳоҷират аз 16 октябри соли 2004 низ табодули назар намудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи мазкур баррасии лоиҳаи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия оид ба сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия дар назар аст.