Дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт, ки рӯзи 25 май таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, ба масъалаи нодида гирифтани муроҷиат ва арзу шикояти сокинони пойтахт аз ҷониби мансабдорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, раиси пойтахт ба муовинони худ дастур додааст, ки ҳамарӯза дар рӯзҳои корӣ аз соати 17 то 19 сокинони шаҳрро, ки нисбати шаҳрдорӣ арзу шикоят ва пешниҳоду эътирозҳо доранд, қабул намуда, ба онҳо расидагӣ кунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз 1 июн рӯзҳои шанбеи ҳафта раиси шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро, ки мушкилашон дар сатҳи муовинонаш ва раисони ноҳияҳо ҳал нашудааст, ба ҳузур мепазирад.

Зимнан зикр гардид, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамзамон ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки ҳамарӯза аз соати 6 то 8-и субҳ ба хотири воқиф будан аз мушкилот, қаламрави таҳти масъулияташон қарордоштаи шаҳрро гаштугузор ва дида бароянд.