Баъди нашри маълумот дар бораи ба сафҳои ДИИШ пайвастани фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон, дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои интенетӣ дар Тоҷикистон қатъ шуд.

Ҳамин тариқ, айни замон ширкатҳои фароҳамсози интернети «МегаФон» ва Babilon дастрасӣ ба торнамои хабаргузории «Азия-Плюс»-ро қатъ намудаанд.

Ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаи Радиои «Озодӣ», торнамоҳои шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва «Вконтакте» низ қатъ гардида, видео-хостинги писандидаи Youtube, ки муроҷиати видеоии полконики ба Сурия фироркарда ва ба сафҳои ДИИШ пайваста дар он ҷой дода шуда, ӯ дар он тоҷикистониёнро ба ҷиҳод даъват мекунад, низ дастнорас аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз таҷрибаи пешин метавон ба хулоса расид, ки дастрасӣ ба сомонаҳо бо сабаби муроҷиати видеоии ахири собиқ фармондеҳи ОМОН қатъ шуд.

Қобили зикр аст, ки саҳифаи навори видеои мазкур дар Одноклассники низ хориҷ карда шудааст. «Ширкатҳои фароҳамсози интернет аллакай кайҳост, ки сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳоро шарҳ намедиҳанд, вале тахмин зада метавонам, ки ин амал маҳз ба муроҷиати видеоии Гулмурод Ҳалимов рабт дорад, - гуфт Атоев. – Муътақидам, ки қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо роҳи ҳалли масъала нест».

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов, ки аз 23 апрел бедарак шуда буд, рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ интишор намуд, ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД Тоҷикистон, ки ба хондани намозу ба бар кардани сарулибоси исломӣ иҷозат намедиҳад ва ҳамчунин алайҳи размоишҳои муштарак бо Русия ва ИМА, ӯ ин роҳро интихоб намудааст.

Фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон дар навор бо силоҳи нишонзанӣ ва сарулибоси сиёҳ дар пасманзари дарахти нахл (палма) пайдо шуда, дар бораи худ, маҷлисҳои роҳбари ВКД Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Дар навори видео садои ибодат бо забони арабӣ шунида мешавад.