Дар идораи Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Маскав вохӯрии роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзоев бо роҳбари барномаҳои Дафтари СБМ дар Маскав Павел Шалус, роҳбари шуъбаи муҳоҷирати корӣ Юлия Мелничук ва директори Маркази иттилоотӣ Юлиана Павловская доир гардид.

Котиби матбуотии намояндагии мақомои муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳо, мусоидат ба танзими раванди муҳоҷират, кумак расонидан ба дарёфти роҳу воситаҳои амалии ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва зарурати дастгирии доимии пешниҳоди ёрӣ ба муҳоҷирони зиёд ниёзмандро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ба масъалаҳои беҳбуди заминаи техникӣ бо истифода аз тарзҳои муосири корбарӣ ҷиҳати пурсамар гардидан ва дастрас будани кумаки ҳуқуқи ба муҳоҷирон, зарурати таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва ҷалби диаспораҳо ва ҷараёни рушд таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.