Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Тоҳир Каримзода рӯзи 17 июн бо коршиносони пажуҳишгоҳи Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) Мурат Акир ва Эйҷи Ямада дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати вазорат, зимни мулоқот масоли марбут ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ҳамчун омили рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ Тоҳир Каримзода бо такя ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар зарфи 4 моҳи соли равон муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан 615,6 млн. доллари ИМА ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 318,6 млн. доллари ИМА ё худ 34,1% камтар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба андешаи ҳамсуҳбатон, сабаби аслии коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ва таҳримҳои ҷоришудаи Иттиҳоди Аврупов ва ИМА алайҳи Русия аст.