Ҳукуматдорони Тоҷикистон хондани намози таровеҳи моҳи Рамазонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карданд. Аз Маркази исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ карда илова намуданд, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ мақоми масҷидро доро нестанд.

Қаблан барои баргузории маросиму оинҳои миллӣ, аз қабили оши наҳор, маросими таъзия ва ғайра, дар қаламрави микрорайонҳои пойтахт ҷойҳои махсус амал мекарданд. Чанд сол қабл Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ дар 50 ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе хондани намозҳои панҷгонаро иҷозат дод.

«Гап сари он аст, ки аксарияти ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамчунин иншооти фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд. Расман аз рӯйи ҳуҷҷатҳо онҳо мақоми масҷидро доро нестанд ва дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки иҷозат дода шудааст, дар он ибодат кардан мумкин аст. Дар ин робита ҳукумати ноҳияҳо нома ирсол намуданд, то ки дар ин ҷойҳои ҷамъиятӣ намоз хонда нашавад», - иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки намози таровеҳ танҳо дар моҳи мубораки Рамазон хонда мешавад. Ин намозро бо ҷамоат пас аз намози хуфтан ва қабл аз намози витр мехонанд.