Дар зарфи 5,5 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 314,6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри дарёфти кори муносиб муҳоҷират ба Русияро ихтиёр намудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор нафар камтар аст.

Тавре як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, аз шумори умумии тоҷикистониёни тӯли ин давра муҳоҷиратро ихтиёрнамуда 281,7 ҳазор нафарашонро мардон ва қариб 33 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра беш аз 170 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра беш аз 4,8 ҳазор нафар тоҷикистониён ба Қазоқистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 1,2 ҳазор нафар зиёдтар аст.