Тариқи квотаи президентӣ 340 хатмкардаи мактабҳои вилояти Суғд ба мактабҳои олии кишвар қабул шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар соли хониши 2015-2016 ба вилояти Суғд 340 квотаи президентӣ, аз ҷумла 177 ҷой барои духтарон ва 163 квота барои писарон ҷудо гардида буд.

Гуфта мешавад, дар асоси  фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон, аз  1  то 15 июни соли ҷорӣ бо довталабон барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квота сӯҳбат баргузор гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумат оид ба қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ чораҳои мушаххас андешида, ҳамаи  340 ҷойҳои барои  вилоят ҷудогардида, пурра ишғол карда шуданд.