Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов зимни нишасти хабарии имрӯза ба масъалаи 6 мадрасаи басташуда каме рӯшанӣ андохт.

«Ин мадрасаҳо дар Кумитаи мо ба қайд гирифта шуда, лекин бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёрҳои байнулмилалӣ, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмро дарёфт накардаанд ва аз ин рӯ, айни замон фаъолияти онҳо қатъ шудааст», - иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар саросари ҷумҳурӣ имрӯз расман 6 мадраса амал мекунад, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта, 1-тои он дар шаҳри Турсунзода амал мекунад. Соли 2013 фаъолияти онҳо боздошта шуд.

Он замон мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов хабар дода буд, фаъолияти ин мадрасаҳо аз моҳи июни соли 2013 бинобар сабаби зарурати аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас накардани асноди иҷозатномавӣ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мутаваққиф шудааст.