Намояндагони васоити ахбори умуми мустақили Тоҷикистон ахиран ба чанде аз мушкилоти дастрасии маълумот аз мақомоти давлатӣ дучор шуданд.

Манбаъҳо аз мақомоти давлатӣ изҳор медоранд, ки бо дастур «аз боло» минбаъд ҳамаи маълумот ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода шуда, сипас дигарон ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».

Зимни шарҳи ин маълумот раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки мувофиқи маълумоте, ки ӯ дар ин бора дорад, аз ин хусус ҳеҷ супорише «аз боло» вуҷуд надорад. «Роҳбари нави АМИТ «Ховар» Заробиддин Қосимӣ аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ дархост кардааст, ки дар навбати аввал маълумотро ба «Ховар» диҳанд, вале ин дархостро мансабдорони мо ба таври худ фаҳмиданд», - гуфт Қаршибоев.

Ба қавли ӯ, сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.

«То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, дар муқаррароти «Ховар» зикр шудааст, ки агентӣ ба паҳнкунии маълумоти расмӣ, яъне ба амрҳои президент, қарори ҳукумат ҳуқуқи хосса (эксклюзивӣ) дорад, лекин ба ҳамагон маълум аст, ки муқаррароти агентии давлатии иттилоотӣ аз қонунҳо, ки ба дастрасии маълумот барои ҳамаи ВАО ҳуқуқи баробар медиҳанд, боло нест», - таъкид дошт Н.Қаршибоев.