Имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз аъзои Шӯрои уламои иборат аз 25 нафар дар хусуси имсол рӯзи 17 июл ҷашн гирифтани Иди Рамазон қарор қабул карданд.

Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 9 июл зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид изҳор намуд, ки ҳисобу китоби намояндагони Шӯрои уламои ҷумҳурӣ саҳеҳ буда, имсол моҳи Рамазон дарвоқеъ ҳам аз 29 рӯз иборат аст ва рӯзи 17 июл, соати 6:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ моҳи нави исломӣ фаро мерасад.

Қаблан 7 июл Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилоъ дода буд , ки имсол моҳи мубораки Рамазон як рӯз камтар аз муҳлати муқарраршуда - 29 рӯз давом мекунад ва ба тахмини ӯ, рӯзи 17 июл таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон дар назар аст.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзи ид баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 12 ҳазору 200 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 305 сомонӣ хайр кунанд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шудааст. Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки имкони рӯзагирӣ надоранд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ маблағ садақа намоянд, яъне ҳар рӯзи моҳи рамазон 10 сомонӣ хайрия диҳанд.