Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 13 июл машварати корӣ доир намуда, дар ҷараёни он масоили марбут ба истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, таҳияи буҷети пойтахт барои соли 2016 ва рафти амалисозии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, дар машварат ҳамчунин масъалаҳои таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави шаҳр низ матраҳ гардиданд.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки рӯйхати иншооте, ки ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, саҳеҳу дақиқ карда шуда, пойтахт ба баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, омода карда шавад.