Бар асари пайдо шудани мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои навъи «Боинг»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», имрӯз бо хатсайри Душанбе - Бишкек парвоз сурат нагирифт. Мусофирони ин хатсайр акнун танҳо ҳафтаи оянда ба Бишкек парвоз карда метавонанд.

Мусофирони пурғазаби ин хатсайр имрӯз ба идораи «Азия-Плюс» занг зада, дар ин робита изҳор доштанд, ки нахуст ба мусофирони дар фурудгоҳ ҳозиршуда эълон кардаанд, ки парвози ҳавопаймо мутаваққиф мешавад, вале баъди гузашти 2 соат дар бораи комилан сурат нагирифтани парвоз тариқи ин хатсайр эълон кардаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуотии ширкати «Тоҷик Эйр» Мунаввар Муллочаев дар шарҳи ин қазия ба Азия-Плюс» гуфт, бар асари пайдо шудани мушкилоти техникӣ ҳавопаймо ба Бишкек парвоз карда натавонист.

Ба гуфтаи ӯ, аз 43 мусофири хатсайр 22 нафарашон билетҳоро баргардонида, пулҳояшонро бозпас гирифтаанд.

«Ба 11 мусофири дигар мо пагоҳ парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Алмааторо пешниҳод кардем. Ширкат ба пардохти маблағи билети қатора аз Алмаато ба Бишкек аз ҳисоби худ омода аст. Агар мусофирони боқимонда ба ин пешниҳод розӣ набошанд, пас парвози минбаъда тариқи хатсайри Душанбе - Бишкек ҳафтаи оянда сурат мегирад», - афзуд ӯ.