Дар бозорҳои шаҳри Душанбе имсол низ арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ дар арафаи Иди Саиди Фитр боло рафт.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои шиносоӣ бо нархгузории тоҷирон ба бозорҳои “Деҳқон”, “Саховат”, “Пойтахт-90” ва нуқтаҳои дигари савдои шаҳри Душанбе рафт.


Бозори “Деҳқон” - сарчашмаи танзими нарх

Мастон Шарипов , муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии бозори “Деҳқон” ин макони савдоро сарчашмаи танзими нарх дар бозорҳои дигар меҳисобад: “Маҳсулоти кишоварзии навоҳии наздик аввал вориди ин бозор шуда, баъд ба базорҳои дигари шаҳр ва ноҳияҳои наздики Душанбе тақсим карда мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти бозор аз шаҳрдорӣ оид ба танзими нарх аз оғози моҳи шарифи Рамазон дастур гирифт ва онро то ҳол амалӣ месозад.

Қарори раиси шаҳри Душанбе №316 17.06.2015 by AliSalimov

“Корхонаи мо гӯшаи деҳқон ва гӯшаи ярмарка ташкил кардааст, ки нархҳо арзон мебошанд. Бозори “Деҳқон” барои танзим ва нигоҳдории нарх бо зиёда аз 50 хоҷагии ноҳияҳо шартнома баст. Онҳо маҳсулоташонро аз соати 2-и шаб то соати 10-и рӯз мефурӯшанд, ки ин кор ба тартиб дароварда шудааст ва ҳамавақт таҳти назорат аст. Намояндагони ин хоҷагиҳо дар се рӯзи охир аз супоридани андоз ва чек озод шудаанд. Ба ин восита барои нигоҳ доштани мувозинати нарх мусоидат кардем”, - афзуд Шарипов.


Ӯ мегӯяд, ки бозор ба қисматҳои фурӯши маҳсулот тақсим гардида, картошка, пиёз ва сабзӣ дар як қатор гузошта шудааст. Нозир нархи онҳоро назорат мекунад, то нархи картошкаро аз 1,50 сомонӣ зиёд нафурӯшанд ва пиёз аз 1,20 сомонӣ боло наравад. “Дар гӯшаи мевафурӯшӣ аксари маҳсулот ватанӣ мебошад, аз ҷумла, себ, ангур, шафтолу, олу ва ғайра, ки аз ноҳияҳои тобеи марказ оварда шуда, бо нархномаҳо таъмин аст. Мо аз тамоми имконот истифода кардем, то дастурхони сокинони шаҳр бо ин маҳсулот оро дода шавад”.


Тибқи мушоҳидаи мо, дар ин бозор аз тариқи баландгӯяк қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи танзими нарх қироат мешуд ва фурӯшандагонро огоҳ мекарданд, ки дар сурати риоя накардан, нисбат ба онҳо чораҷӯйӣ мешавад. Хабарнигори “Азия-Плюс” ҳамчунин мушоҳида кард, ки растаи мевафурӯшӣ таҳти роҳбарии раиси ин бозор назорат мешуд ва чанд мевафурӯшро аз раста берун карданд.


Сокини шаҳри Душанбе Абдул Исломзода , ки худро иқтисодчӣ муаррифӣ кард, гуфт, дар моҳи шарифи Рамазон нархи орд аз 150 то 180 сомонӣ афзуда, дигар паст нашуд. Помидору бодиринг дар бозори Деҳқон ба 1 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли гузашта арзонтар аст. Ӯ яке аз сабабҳои арзонию фаровониро дар баргашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дониста, зикр кард: “Ин муҳоҷирон бештар ба деҳқонӣ машғуланд, ки ҳосил имсол хубтар аст. Гӯшт нисбат ба соли гузашта 5 сомонӣ арзон аст. Поин рафтани нархи баъзе хӯрокиҳои ватанӣ аз сабаби он аст, ки истеҳсолашон зиёд шудааст”.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар арафаи Иди Фитр (чандрасонаӣ)

Нархномаҳо фарқ мекарданд...

Ҳарчанд дар растаҳои сабзавотфурӯшии бозори “Саховат” рӯзи 15-уми июл нархи картошка 1,80 сомонӣ навишта шуда буд, вақте мепурсидем: “Картошка чанд аст?”, фурӯшандаҳо мегуфтанд: “2 сомонӣ”.

Иқбол , тоҷири бозори “Саховат” мегӯяд: “Гаронии нарх аз ҳисоби мо нест. Ин ба болоравии қурби доллар вобастагӣ дорад. Мо маҳсулотро аз Чин, Эрон, Туркия ва Самарқанд меорем.

Ба суоли мо, ки дар арафаи ид ҳамин маҳсулот чанд фоиз гарон шуд, Иқбол гуфт: “Баъзеяш то 100 фоиз боло рафт ва талабот ки зиёд аст, яке аз сабабҳои гарон шуданаш ҳамин ҳаст”.


Ҳасан , тоҷири дигари ин бозор гуфт: “Сабаби боло рафтани нарх ба одамоне вобаста аст, ки маҳсулоти яклухт меоранд ва сабаби дигараш қурби доллар аст. Имрӯзҳо хушкмеваҳои дохилиро ба хориҷ мебаранд, ки камчин ва дар арафаи ид 2-3 сомонӣ гарон шуданд. Мо ҳам болои он ду ё се сомонӣ мемонем. Ҳоло нархи миёнаи зардолуи хушк 40 сомонӣ ва ғулингҳои барои “компот” 10-15 сомонӣ аст. Сабабаш дар он аст, ки моҳи март ин маҳсулотро хунук зад. Баъд аз моҳи Рамазон писта ва бодоми ватанӣ арзон мешавад. Ҳоло дар бозор бодоми ватанӣ 70 сомонӣ барои як килограмм арзиш дорад”.

Ҳастанд тоҷирони саховатманд, ки мегӯянд, ба хотири моҳи шарифи Рамазон нархҳои маҳсулоти шириниро аз 5 то 10 сомонӣ арзон мекунанд. Яке аз ин тоҷирон Латофат ном дорад, ки дар бозори Саховат ширинӣ мефурӯшад. Ӯ мегӯяд: “Дар рӯзҳои гарм машғули савдо ҳастем ва барои фоида аз ҳар кило ширинӣ 1 ё 2 сомонӣ нархгузорӣ мекунем. Барои Худо дар ин моҳи шариф арзон мефурӯшем”.

Бозор маҳсулот ворид кард

Раҳматулло Баротов , муовини директори бозори “Саховат” оид ба таъсири роҳбарият дар боло нарафтани нархҳо дар моҳи Рамазон ибрози назар карда, онро яке аз сабабҳои фаровонии маҳсулот донист: “Мо аз ҳисоби бозор маҳсулот меорем. Агар 1,5 сомонӣ бошад, аз ҳисоби маъмурияти бозор аз 1 то 1,3 сомонӣ аст. Нарх қариб то 40% назар ба соли гузашта паст фаромадааст. Аз ҳисоби маъмурияти бозор гӯштро 30 сомонӣ дар назди дарвозаи бозор ба фурӯш гузоштем”.


Аммо як сокини шаҳри Душанбе гуфт: “На мавиз гирифта метавонам, на чизи дигар. Ҳамон бодоме, ки 60 сомонӣ буд, ҳоло 90 сомонӣ... Ман ҳеҷ чиз гирифта натавонистам. Нарх назар ба соли гузашта беҳад гарон аст. Агар дар кишварҳое мисли Афғонистону Эрон нархҳоро дар иду арафа арзон кунанд, инҳо гарон карданд. Ҳамон пистаи дохилӣ, ки 40 сомонӣ буд, ҳоло 70 сомонӣ аст”.

Раҳмоналӣ , сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, ки тоҷирон махсус барои ид нархҳои маҳсулотро боло мебаранд. “Аз дирӯз моли 10 сомонӣ имрӯз 20 сомонӣ шудааст. Тамоми маҳсулот”, - гуфт ӯ.

“Ангури дохилӣ дирӯз 7 сомонӣ буд ва имрӯз нархашро то 20 сомонӣ боло бурдаанд”, - изҳор дошт харидори дигар .

Кош бозор намерафтам...

Бобоҷони Шафеъ , рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд: “Дирӯз бозори “Шоҳмансур” рафта будам. Тақрибан ҳар рӯз мерафтам, чун аз маҳалли кор ба хона рафтан роҳ аз он убур мекунад. Ва ҳар рӯз чизе бо худ мебурдам, нархҳо чандон гарон набуданд. Вале бегоҳи 15-уми июл... Гуфтам кош намедаромадам. Шафтолуе, ки як рӯз пеш 6 сомонӣ харида будам, 15 сомонӣ арзиш дошт. Як кило себ 20, олу аз 4 сомонии рӯзи қабл ба 10 сомонӣ расид. Дигар нархҳо низ. Ҷаҳиши бесобиқаро ҳато маъмурияти бозор натавонист ҷилавгирӣ кунад. Рӯзи ид гуфта, ҳай бардоштанд. Ба гумонам, ғайр аз тарбузу пиёзу картошка, дигар ҳама нархҳо боло шуданд”.

Қонуни бозори иқтисодӣ озодии нарх аст

Муҳаммадалии Нуралӣ , ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки танзими нарх ё фишор овардан болои тоҷир роҳи ҳал нест ва бозор як рақобат барои бардоштану зам кардан аст.


Вай мегӯяд: “Давлат илтимосгар шудааст: рӯ ба мардуми доранда овардаасту гарданаш каҷ, ё бо истифода аз машинаи сиёсии давлатӣ гоҳо илтимос мекунад, гоҳо метарсонад. Ин роҳи хато аст. Вақте давлат илтимос мекунад -“Моҳи Шариф омад, мусалмон шавед, хайр кунед...” - ба воситаи кисаи дигарон Ҳотам шудан хандаовар аст... Давлат набояд чунин кунад. Давлат бояд гӯяд, ки “Ин бозору ин молат ва ту медониву нархат”. Давлат дар бозор ба воситаи ташкилотҳои кооперативии худаш бояд нархро танзим кунад, тавассути ба вуҷуд овардану нигоҳ доштани дотатсияҳои давлатӣ чуноне кунад, ки тоҷир гардаду ба манфиати давлату ҷомеа кор кунад. Қонуни бозор ин хел гап надорад. Ягона роҳи танзими бозор ба воситаи рақобат метавонад бошад. Фарз кардем, як халта орд то дӯкони фурӯшанда 150 сомонӣ расидааст, давлат мегӯяд, ки инро ту 150 сомонӣ фурӯш. Ин чӣ маънӣ дорад? Агар фурӯшанда гапи давлатро гирад, баъд аз як моҳ муфлис мешавад”.

Ин ҷомеашинос дар масъалаи тафовути нархи имсола назар ба соли гузашта гуфт: “Бозори мо худаш ҷавоб мегӯяд, ки қурби доллари имсол ба чанд расидааст. Дигар дар бораи кадом болоравии нарх ҳақ дорем гап занем? Имрӯз як гап аст, ки пули миллӣ оё бардошт карда метавонад ё не? Имрӯз ё фардо пул мешиканад, ё чӣ гап мешуда бошад? Вақте асъори миллӣ қурби худро дар бозор нигоҳ дошта наметавонад, дар бораи кадом поин рафтани нарх гап мезанем? Чӣ кор бояд кард? Иқтисодро бояд зинда кард! Маҳсулоти дохилиро баровардан даркор. Кори мо фақат ворид кардан аст. Имрӯз давлат барои фардои ҷомеа андешаи ҷиддӣ карданаш даркор. Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ каму беш таносуби иқтисодиёти моро доштаанд. Ҳоли онҳо ки бад шуд, ин чиз дар бозор эҳсос шуд”.