Тӯли ним соли соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 21,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 8,6 ҳазор тонна аз 31 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон - 39,8% рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ба ҷумҳурӣ воридгардида ҳиссаи Нидерланд - 12,4%, Дания - 8,7%, Аморати Муттаҳидаи Араб - 8,1%, Австрия - 4,3%, Афғонистон - 4,0%, Ҳиндустон - 3,4%, Латвия - 3,2%, Эрон ва Кувайт - 2,3%-ӣ, Чин - 1,8%, Юнон ва Норвегия - 1,3%-ӣ, Фаронса - 1,2%-ро ташкил дода, дар ин давра ба Тоҷикистон боз як қатор кишварҳои дигар низ кумак кардаанд.

Қобили зикр аст, ки муддати 35 сол аст, ки дар Афғонистон бидуни танаффус даргириҳои мусаллаҳона идома доранд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон тез-тез хотиррасон мекунанд, ҳудуди 5 сол идома дошт.