Ба 13 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки бар ҷанги зидди Ҷопон ҷоннисориҳо нишон додаанд, ба миқдори 2 000 сомонӣ ба ҳар яке тӯҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Мӯҳсин Раҳимов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки дар маросими супоридани тӯҳфаҳои пулӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии иштирокчиёни ҶБВ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба таври доимӣ қаҳрамонҳои арсаи набардро дастгирӣ менамояд.

Гуфта мешавад, сипас дар фазои тантанавӣ ба қаҳрамонҳои арсаи набард аз номи Сарвари давлат кӯмакҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Абдуваҳҳоб Қаюмов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Истаравшан аз номи иштирокчиён барои дастгириву ғамхориҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд.