Дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид бо масъулини соҳаи маорифи ноҳияҳои минтақа баргузор гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба олимпиадаҳои хонандагон, имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ва тартиби иҷораи китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ баъд аз шунидани ҳисоботи масъулин дар масъалаҳои мазкур аз номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагон интиқод карда, аз ҷумла гуфтааст: «Низоми имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ бори дигар номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагонро собит сохт. Мо бояд ҳар чӣ бештар роҳҳои ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда ва пешрафти корро муайян намоем. Дар ин самт ташкил намудани мактабҳои такягоҳӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон, ки имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нест, аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад».
Гуфта мешавад, вазир ба директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳо ва пешрафти соҳа ҷалби раисони ноҳияҳо ва соҳибкорони ватаниро тавсия дода, дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт баланд бардоранд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста