Зимни вохӯрии роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев бо роҳбари намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Даврон Муҳаммадиев ва директори департаменти байнулмилалии Салиби Сурхи Русия Сергей Кабетс масоили ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба беҳбуди корҳо дар самти риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва тиббии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд.
Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот таъкид шудааст, ки намояндагӣ дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ як қатор лоиҳаҳоеро амалӣ месозад, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия нигаронида шудааст.
Бинобар сабаби зарурати кумак ба муҳоҷирон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ба хизматгузории тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, ҷонибҳо изҳори назари ягона кардаанд, ки фаъолиятро дар самти беҳбуди сатҳи огаҳии муҳоҷирон оид ба пешгирии бемориҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ хатарнок мебояд ҳамоҳанг сохт.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба баргузор намудани як қатор чорабиниҳои муштараки иттилоотиву машваратӣ дар самти пешгирии бемориҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ хатарнок тасмим гирифта шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо бобати баррасии масъалаи имзои созишномаи дахлдор дар бораи ҳамкорӣ дар ин самт миёни намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ва Салиби Сурхи Русия ба мувофиқа расидаанд.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста